Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Окт16

Қалоб дар кофтукоб

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.

Навгонихо ( 16.10.2020 06:44 ) Муфассал...
 
Окт07

МАСЪАЛАҲОИ ЗАБОНШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов

ДУШАНБЕ, 07.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Забон аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз муҳимтарин далели рӯҳи инсонӣ, воситаи асосии муоширати байни одамон, табодули захираҳои маънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳо мебошад. Ва то вақте ки ҷомеаи инсонӣ ҳаст, бо чунин сифатҳо боқӣ хоҳад монд.

Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст.  Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Неруест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад.

Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегардад. Забони ҳоким ҳамчун муҳимтарин абзори сиёсати давлат рафта-рафта чархро дар доираи қаламрави муайяни забонӣ оламгир мекунад.

Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи фарогири луғавӣ, сохти пурқувват ва озмудашудаи грамматикӣ, фонетика ва хосияти ниҳоят ҷаззоби орфоэпӣ аз байн рафтанд.

Аломатҳои номбаршуда дар роҳи ҳамвор, ҳолати абстракт, рукуди сарбастаи мантиқи семантикӣ, зарфияти маҳдуди ифодаи муҳтаво ва зуҳуроти ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур пайдо намешаванд.

Қудрати забон – қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушди диалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он дар тӯли ҳазорсолаҳост. Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ имкони такомул надоранд.

Неру ва тавонмандие, ки забон  дар тӯли ҳаёти инсон, дар фазо ва вақт нишон медиҳад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Ҳамин тариқ, воқеият сабабгори пайдоиши мафҳумҳо аст. Мафҳумҳо, истилоҳот ва дефинитсияҳо вақте шакл мегиранд, ҳуқуқи зиндагӣ пайдо мекунанд, ки  ҳастӣ ё ниёзҳои ба он алоқамандро бо таркибҳои овозӣ дар худ таҷассум намоянд.

Ҳамзамон бо ин, қобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав, дунёи идеалӣ низ зуҳур меёбад. Он марбут ба мақсадгузорӣ, аз ҷумла,  таъсиси давлати миллӣ, ба вуҷуд овардани дунёи маънавӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърих миллат (хонда шавад забон) ба сахттарин муқобилият ва гоҳо ҳатто тааррузи аҷнабиён ва душманони дохилии ҷонибдори бегонагон рӯ ба рӯ мегардад. Забони миллӣ вақте аз ин набард солим, бегазанд ва пурқувват бадар меояд, агар мардум, махсусан зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти ҳимояи манфиатҳои миллиро ба уҳда бигиранд ва амал кунанд.

Иқдоми ҷавонмардонаи Пешвои миллат барои эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҳамчун чеҳраи баргузидаи миллӣ, аз ҷасорати ин пири тариқат барои ҳимояи забони модарӣ, ҳувият ва асолати миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Маводи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки ӯ бо дониш, ақлу заковат, далерӣ ва матонат ғосибонро маҷбур кард то бо эътироф кардани забон ба миллаташ низ эҳтиром гузоранд. Маҳз бо чунин сифатҳо забон ҳамчун организми зинда ва субъекти муносибот шинохта мешавад.

Забони комил қудрати фаъоли таъсиррасонӣ, дигаргунсозӣ ва ба тарзи диалектикӣ эҳё намудан, таҳаввулот ва пешрафти миллатро дорад. Дар тӯли таърих забони тоҷикӣ барои соҳибзабонон ҳамин гуна хизматро ба ҷо овардааст. Ва бо ин аломатҳо аз сарчашмаҳои муҳимми омӯзиши рӯзгори миллат гаштааст.

Забоншиносии тоҷик, ҳамчун соҳаи илм, марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибқи он, дар ҳар давра масъалаҳои  ташаккул ва инкишофи лингвистика, лексикология, грамматика, забону услуби асарҳои  бадеӣ ва дигар масъалаҳои  қобили таваҷҷуҳи забонӣ мавриди  омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ  қарор гирифтаанд.

Муфассал...
 
Сен25

Намак хӯрдӣ намакдонро маяндоз

Намак хӯрдӣ намакдонро маяндоз

Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо асту мо сокинони ин сарзамин дар ин фазои тинҷу осуда хушбахтона умр ба сар бурда истодаем. Дар оғӯши фарзандон бо шунидани хандаҳои онҳо ва завқ бурдан аз комёбиҳои эшон барои ҳар як падару модар бахт аст .Барои падару модар аз камоли фарзанд, шодиву сурури он дигар ганҷи қимате нест. Мутаассифона, дар байни падару модарон шахсоне дида мешавад, ки ба молу ҷоҳ фирефта шуда ҳаёти худ, ҳаёти оилаи худ, ҳаёти атрофиён ва ҳаёти тамоми халқро ба хатар мегузоранд. Ба зумраи ин гуна «шахсиятҳо» шомил мешаванд Амриддин Табаров, Ҳусайн Абдусамадов ва Носихоҷа, ки ба ин гуна номҳои пурмазмун нолоиқанд дида метавонем. Суоле пеш меояд, ки ба номбурдагон чӣ намерасида бошад? Аз тамоми ганҷҳои дар боло гуфташуда баҳравар ҳастанд. Аммо ба Ватан хиёнат кардаанд. Оё хиёнат ба Ватан бахшиданӣ аст? Асло, иштибоҳ бахшанда асту хиёнат не. Сайид Қиёмиддин, Сатторов Айёмиддин, Раҷабов Хуршед, Сайидалиев Салом, Кузов Муслим, Ризвонов Аҳмадзоир, Исломов Дилшод, Кузов Мирзораҳим ба гирдоби ин ташкилоти ба ном аз «одамон» ташкилшуда шомил шудаанд. Террористон ба худ дини мубини Исломро ниқоб карда аз паси парда корҳои ношоистаи хешро амалӣ сохта истодаанд. Мардуми тоҷик худ қазова кунед , ки дин ин одоб аст. Дин ин ахлоқ аст, дин ин ҳурмату эҳтиром ба калонсолону хурдсолон аст, дин на куштор асту истисмор. Дар куҷое дидед, ки мусалмон мусалмонро кута бошад. Дар куҷое мушоҳида кардаед , ки аз тарафи мусалмон масҷит тарконида шавад. Дар куҷое мушоҳида кардаед, ки Зан- модар офаридгори дувум аз тарафи мусалмон хору залил гардонида шуда бошад. Ин ҳама рафтору кирдори ношоистаи террористон аст. Амалҳое , ки онҳо кардаанд ғайр аз зӯроварию зиёнкорӣ дигар чизе нест. Ҳамаи он ҳаракатҳо танҳо барои манфиати худ , яъне барои пулу молу ҷоҳ аст. на барои манфиати халқ аст. Халқи тоҷик дӯстдори амният, тинҷиву осоиштагӣ аст. Шахсоне, ки имрӯз тинҷии моро халалдор месозад халқу миллат нафрат ба онҳо дорад. Ман ҳамчун як ҷузъи халқи меҳанпарвар нафрат ба ин гуна хоинони Ватан дорам.

Омӯзгори забон ва адабиёт Бобобекова М.

 
Сен25

Ободии диёр шукуфоии миллат аст

Ободии диёр шукуфоии миллат аст

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Муфассал...
 

Шаҳристон