Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Июл20

Ҳизбу ҳимояти ришу ҳиҷоб шикаст хурд

Ҳизбу ҳимояти ришу ҳиҷоб шикаст хурд

Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халол ворид менамояд, аз қабили ришу ҳиҷоб.

Ин тамоюл бешак, мардуми ватандӯст, бахусус кишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки олидагиву ваҳдати миллӣ ва суботи амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон ба миён омадааст.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар қайд намуданд, ки: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст»…

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсирӣ манфӣ расонад.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Дини мубини ислом дар сират дину поку адолатпарвар буда, инсонҳоро ба покизагию инсондӯстӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунад. Аммо имрӯзҳо ислом бозичаи дасти як гурӯҳ манфиатҷӯён гардидааст, ки бо ин кирдорашон бегонапарастӣ ва фарҳангии бегонаро талқин менамоянд, номи мубораки исломро сиёҳ мекунанд.

Дар натиҷаи таъсири зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Агар ба сарнавишти таърихи миллат назар кунем, ин падида яъне бегонапарастӣ ва тақлидкунӣ дар руҳи ҷисмӣ тоҷик ҷой надошт. Баръакс фарҳангу тамаддуни мо аз қадим ба халқҳои кишварҳои дигар таъсири мусбат расонид ва ин халқу миллатҳо ба он таҳсин мекунанд. Яъне оинаи дигарон будем. Тақлид ба фарҳанги бегона бошад, сабаби набудани фарҳанги худӣ мегардад.

Фарҳангу ҳувият ва худшиносии миллӣ на бо майлу ҳавас, балки бо маърифат тай намудани зинаҳои маърифат ҷустуҷӯи дониши ҳақиқи пойдор мебошад.

Агар мо инсони поки комил бошем, бо ҳалоливу растиву дурандешӣ шукронаҳои тинҷиву амониву дорои чаҳор мучали худододаро карда, аз сидқи дил бо умеди комил шому сабо дуо кунем, то халқ дар осоиш, мамлакат обод, давлатамон пойдор, калонсолон пири бодавлат, ҷавонон боинсофу ботавфиқ, ризқу рӯзамои бобаракат ва ба кори ҳалолу пок даст зананд, аз марҳамату мағфирати раббонӣ номаҳрум нагарданд.

Бандагонатро нигоҳ дорӣ Худои меҳрубон,

Зиндагӣ созем бехорию зорию зиён.

Накӯкору накӯандом бошем аз як гиребон сар бароварда хушбахтии худро аз даст надиҳем  ба фарзанду набераҳоямон Ватани осоиштаи хешро боқӣ гузорем. Биёед дастаҷамъона ба гурӯҳҳои ифротгарои мубориза барем.

 

 

 

 

Омузгори   МТМУ№21            Мустафокулова   Гулсуной.

 

Навгонихо ( 20.07.2018 10:17 )
 
Июл20

Терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамоем.

«Терроризму экстремизм Ватан, дин, мазҳаб надорад,

балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист»

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои терористӣ исҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги базеашон  ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон  миёна  хешу табор ва ҳамсояву аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан-модар ва ҳам масҳаби ҳанафй хиёнат  кардаанд. Дар тӯли таърих  ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшиданд  ва намебахшад».

Тероризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал оварданӣ вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеъа мебошад. Терористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯровари, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Воҷаи «терроризм» аз калимаи лотуни «Terror»  маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Тероризм яке аз хавфноктанин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеъаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касп мекунанд. Сатҳо  ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои терористи гардида, ҳазорҳо нафари дига маъюб шуданд. Ин амалҳои мардовар гувоҳи он аст, ки сол аз сол терроризм ба гӯшаву канори олам доман паҳн намуда, фаъолияти худро гшустурда месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳроти номатлубӣ замони муосир, хусусан терроризм ва экстромизми диниро маҳкум менамояд. Тероризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳони касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Дакр баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстримисти ба амал омада , боиси ташвишу истироби ҷомеъа гардидааст. Экстромизм аз калимаи лотини « extremus» буда, маънои аслияш канорҷӯи, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Зуҳроти гурӯҳи терористи дар Афғонистон аз соли 1978 замони ворид гардонидани немӯроҳи Иттиҳоди Шӯрави ба хоки он шурӯъ гардида, то имрӯз бемайлон идома дорад. Бисёр ҷавононӣ гумроҳ фрефтаи ваъдаҳои бардуруғи ифротгароион гашта ба халқи худ, ва Ватани худ ва ҳатто ба падару модари худ хиёнат кардаанд.

Таҳлили терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, дуняви ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки терористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрузҳо натанҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ,    ки ба  манфиятҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмуъ метавонад, ба тамоми ҷомеаи дар ҷаҳонӣ зарар оварад.

Сабабҳои пайдоиши терроризм экстромизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Омилҳои асосӣ аз ҷумла сатҳи пасти дониши динӣ ива дунявӣ, маърисфати ҳуқуқи хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи, воқеӣ, пайдо намудани шавқ ва фаолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳӣ зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттиолоотӣ, фаъолияти динии мубалиғони хориҷи ва ғайра ба шумор мераванд. Дар пешгари намудани шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ донишу малакаи худро истифода барем.

Асозгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон друст таъкид карданд, ки « Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онро тарзи тарбия кунем,  ки фрзандони мо дар зиндагӣ роҳи друстро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсию иқтисоҷди ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надора. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълими кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд. Мо бояд ба қадри ин ҳадяи тақдир бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

 

Сардори шӯрои ҷавонони муассисаи таълимии  № 2

Ф. Абдураҳимов

Навгонихо ( 20.07.2018 09:18 )
 
Июл17

«Экстремизми динӣ чист?»

«Экстремизми динӣ чист?»

Тӯли даҳсолаҳои охир чунин чараёнҳои экстремистӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд.

Экстремизм ин ҷонибдорӣ аз дин дар асоси ақидаҳо ва амалҳои қатъи мебошад. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар марҳаллаи ҳозира хавфи бештареро на экстремизми оддӣ, балки экстремизмӣ динӣ ба бар меорад.  Вай аз дигар шаклҳои экстремизм бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида  шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷонсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.

Экстремизм худ аз забони лотинӣ «extremis» гирифта шуда, маънои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанроифода мекунад. Экстремизм дар шакли истилоҳи «Ифротгарӣ» низ истифода мешавад. Ифротгарӣ аз решаи арабӣ «Фарт» ба маъноҳои пешдастӣ ва аз ҳад даргузашта, таҷовуз аз ҳаду андоза, зиёдаровӣ омодааст.

Бояд қайд кард, ки экстремизм (ифротгароӣ) бо бунёдгароӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгароӣ) ҳамшарикӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмӯи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман, моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшоти мардум мегарданд.

Дар давлатҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳои диннӣ -экстремисти чун «Ал Қоида», «Ихвон - ул – муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷабҳат-ун-нусро» ва амсоли онҳо амал карда, дар шароити имрӯза, чунин созмонҳои сиёсии исломӣ тавлидгари асосии низомҳои ифротӣ экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Вазъи муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад, ки мо бояд худшиносию фарҳанги миллии хешро гумм накарда, аз хурофоту таассуби, динӣ даст кашем, аз назари маҳрифатӣ ва огоҳӣ заиф набошем.

Мо ҳамеша бояд огоҳ бошем ва дар ҳамбастагӣ якдилона бар зиддӣ ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.


Мудири   МДТТ «Ғунча» -и ноҳияи Шаҳристон:                  Эралова Г

Навгонихо ( 17.07.2018 06:19 )
 
Июл13

Ваҳдату ягонагиро ҳифз намоед.

Ваҳдату ягонагиро ҳифз намоед.

 

Истиқлолияти миллӣ чун неъмати бебаҳо ва атои осмонӣ ба осонӣ ба даст омадаву оғози он тоҷиконро боз ба як санҷиши таърихӣ рӯ ба рӯ кард. Душманони дохиливу хориҷӣ аз мустаҳкам набудани давлати тозабунёд истифода бурда, ҷанги шаҳрвандиро дар кишварамон барангехтанд.

Хушбахтона, ҳамон хиради воло, ақлу заковати устувор ва ҷавонони бонангу номус буданд, ки миллати тоҷик аз ин вартаи нестшавӣ раҳо ёфта, бо қадамҳои устувор ба сӯи ваҳдати миллӣ равон шуд. Касе  бовар надошт, ки тоҷику тоҷикистониён баъди ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳид шуда, давлат бунёд мекунанд. Зеро дар ҳамон давру замон душманони миллати тоҷик мақсади тақсим намудани онро доштанд. Вале хиради  азалии миллати тоҷик боло гирифт ва давлат дигарбора эҳё шуд. Ва баъди азму талошҳои зиёд сулҳу ваҳдати комили миллиро ба даст овардем ва бешубҳа, меъмори асосии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз мо бо ҳушёрии сиёсӣ дар роҳи ҳифзи истиқлолияти кишварамон бояд саҳмгузор бошем. Яке аз роҳҳои ҳифзи истиқлолият пойдор доштани ваҳдати миллӣ аст. Чуноне ки Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Истиқлолият ва Ваҳдат ду мафҳуми муқаддасу бо ҳамдигар пайванданд. Имрӯз ҳар нафар вазифадор аст, ки барои таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамеша тамаддунпарвар, соҳибфарҳанг, адабпарвар ва зебоишинос буд. Имрӯз вазифаи ҳар фарди тоҷик бо ҳиммати баланд ва меҳнати созандагиву бунёдкоронаи худ обод намудани диёри хушманзару зебои худ мебошад.

Маҳз ҳиммати баланди азалии миллати тоҷик буд, ки баъди нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни ХХ-ум сокинони баору номуси кишварамон  ободонию созандагиро пешаи худ намуда, сарзамини аҷдодии худро ободу зебо гардониданд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст».  Дар ҳақиқат дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва як қатор кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.

Дар айни замон доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон авзои минтақаро мураккаб гардонидааст.

Мутаассифона, имрӯз дар кишварамон фаъолияти равия ва ҷараёнҳои гуногуни иртиҷоӣ, ки дар байни мардум ҷудоӣ ва тафриқа меандозанд, ба назар мерасад. Паст гардонидани шиддати таъсири ҷараёнҳои мазҳабӣ ва ё умуман манъ кардани фаъолияти онҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.

Зеро ки суботу оромии ҷомеа неъмати бузург аст. Дар акси ҳол, таҳмилдиҳандагони муноқишаву муборизаҳо дар амалӣ намудани нақшаҳои нопокашон ба осонӣ комёб мешаванд. Мо бояд зирракии сиёсиро аз даст надиҳем. Вазъи ногувори имрӯзаи Сурия, Ироқ ва Афғонистони ба мо ҳамсоя, ки мардумонашон дар орзӯи сулҳу суботанд, барои мо бояд сабақомӯз бошад.

Мутаасифона имрӯз зуҳуроти бегонапарастӣ ва аз асли хеш дур шудани бархе аз ҷавонон ба мушоҳида мерасад, ки худшиносии миллӣ надоранду ба кадри тинҷиву амонӣ, ба қадри озодиву соҳибистиқлолӣ нарасида ба амалҳои номатлуби дӯздӣ, одамфурӯшӣ, терроризм, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳо сарукор мегиранд. Онҳо бинобар надонистани мақсаду ҳадафҳои хатарноку нопоки равияҳои тундраву иртиҷоӣ бо гирифтани маблағ ба ҳаракату равияҳои тундрав шомил шуда, ба миллату Ватани хеш хиёнат мекунанд. Онҳо эҳсос намекунанд, ки амалҳои номатлубашон оқибатҳои нохуш дошта, ба онҳо бадбахтӣ меорад.

Тарғиби идеологияи миллӣ ва фарҳанги миллӣ, пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ ва дӯст доштани Ватани азизамон-Тоҷикистон бояд мақсаду мароми ҳар яки мо бошад. Шуури ҷамъиятиро бояд дар заминаи миллӣ барпо намуда, ба олами Ғарб кӯркӯрона тақлид накунем. Ҷавонон бояд бо дониши васеъ ва ҷаҳонбинии солими динӣ мусаллаҳ бошанд.

Ҷавононе, ки ба терроризму экстремизм майл доранд, аз исломи аслӣ дуранд. Онҳо дарк намекунанд, ки шиканҷаву бадбахтӣ овардан ба одамон дарёфти роҳи биҳишти ваъдакардаи хоҷагони хориҷиашон нест.

Имрӯз ҷавонон бояд таҷрибаи бузурги ниёгонамонро ки аз қадиммулайём дорои сифатҳои бузурги инсонӣ- донишомӯзӣ, оштию сулҳпазирӣ, худшиносӣ, ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, заҳматпарастию таҳаммулгароӣ буданд, сармашқи кори худ намуда, фарҳанги миллиро эҳтиром, ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ бирасанд ва Ватани худро дӯст доранд.

 

Маъмурияти Муассисаи  давлатии таълимии «Литсейи касбии саноатӣ - кишоварзӣ»-и  ноҳияи Шаҳристон

Навгонихо ( 13.07.2018 05:51 )
 

Шаҳристон