Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Июл20

Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем

Терроризму экстремизм ватан, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезад ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамояд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва экстемизм ҷалб менамоянд. Бояд мо ҷавонон таълимоти дурсти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоем, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагардем.

Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусулмон буда наметавонад ва куллан зиддӣ ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопокӣ хеш истифода барад.

Имрӯзҳҳо гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар Русия муҳоҷират доранд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хоб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукру суботи оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳми ҷомеаи мо дониста мешавад.

 

Ҷонишини директор оид ба корҳои

тарбиявии МТМУ №3 ба номи Н.Ҳотамбоев                      Кенҷаев З.

 

 

 

 

Навгонихо ( 20.07.2018 11:33 )
 
Июл20

Терроризм ва экстрезмизм зуҳуроти аср.

Терроризм ва экстрезмизм зуҳуроти аср.

Хатари ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардида. Сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои мазҳабӣ гардидааст. Бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои террористӣ ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда. Ҳазорҳо нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон зимни як суханронӣ, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: «Терроризм ва экстризм» аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан. Миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст».

Имрӯз баъзи манфииатҳои идеалогия ва амалҳои зишту касифи ташкилотҳои террористии байналмилалиро дастгирӣ ва пуштубонӣ намуда, онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои геополетикии худ истифода мебарад, ки вазъиятро боз ҳам тезу тунд мегардонад.

Мутаасифона, имрӯз баъзи ҷавонони гумроҳ, ки дониши кофии динӣ надоранд, ба ақидаҳои таҳрифшудаи  аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар роҳи ташкил кардани «Хилофати исломӣ» фирефта шуда, бо дасти худ мардуми бегуноҳро ба қатл мерасонанд.

Таҳаввулоти номатлуби замон дар симои терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ҳамчун абри сиёҳ фазои сулҳу осоиштаи кишварҳои ҷаҳонро ғуборолуд карда истодааст, ки зиёд шудани ҷиноятҳои хусусияти терроризм-экстремизм дошта дар солҳои охи рва иштироки шаҳрвандони мо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Шарқи Наздик аз он гувоҳи медиҳад.

Барои мубориза бар зидди ин ду зуҳуроти номатлуби аср – терроризм ва экстремизм танҳо доштани зиракиву ҳушёрӣ, эҳтиром ба фарҳангӣ миллӣ, тамаддуни созандаи исломӣ ва эътироф кардани арзишҳои умумӣ зарур аст.

 

 

 

 

Директори маркази таҳсилоти

иловагии ноҳияи Шаҳристон:                       Ф. Усаралиев.

 

Навгонихо ( 20.07.2018 11:15 )
 
Июл20

Ҳизбу ҳимояти ришу ҳиҷоб шикаст хурд

Ҳизбу ҳимояти ришу ҳиҷоб шикаст хурд

Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халол ворид менамояд, аз қабили ришу ҳиҷоб.

Ин тамоюл бешак, мардуми ватандӯст, бахусус кишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки олидагиву ваҳдати миллӣ ва суботи амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон ба миён омадааст.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар қайд намуданд, ки: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст»…

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсирӣ манфӣ расонад.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Дини мубини ислом дар сират дину поку адолатпарвар буда, инсонҳоро ба покизагию инсондӯстӣ ва эҳтироми дигарон даъват мекунад. Аммо имрӯзҳо ислом бозичаи дасти як гурӯҳ манфиатҷӯён гардидааст, ки бо ин кирдорашон бегонапарастӣ ва фарҳангии бегонаро талқин менамоянд, номи мубораки исломро сиёҳ мекунанд.

Дар натиҷаи таъсири зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Агар ба сарнавишти таърихи миллат назар кунем, ин падида яъне бегонапарастӣ ва тақлидкунӣ дар руҳи ҷисмӣ тоҷик ҷой надошт. Баръакс фарҳангу тамаддуни мо аз қадим ба халқҳои кишварҳои дигар таъсири мусбат расонид ва ин халқу миллатҳо ба он таҳсин мекунанд. Яъне оинаи дигарон будем. Тақлид ба фарҳанги бегона бошад, сабаби набудани фарҳанги худӣ мегардад.

Фарҳангу ҳувият ва худшиносии миллӣ на бо майлу ҳавас, балки бо маърифат тай намудани зинаҳои маърифат ҷустуҷӯи дониши ҳақиқи пойдор мебошад.

Агар мо инсони поки комил бошем, бо ҳалоливу растиву дурандешӣ шукронаҳои тинҷиву амониву дорои чаҳор мучали худододаро карда, аз сидқи дил бо умеди комил шому сабо дуо кунем, то халқ дар осоиш, мамлакат обод, давлатамон пойдор, калонсолон пири бодавлат, ҷавонон боинсофу ботавфиқ, ризқу рӯзамои бобаракат ва ба кори ҳалолу пок даст зананд, аз марҳамату мағфирати раббонӣ номаҳрум нагарданд.

Бандагонатро нигоҳ дорӣ Худои меҳрубон,

Зиндагӣ созем бехорию зорию зиён.

Накӯкору накӯандом бошем аз як гиребон сар бароварда хушбахтии худро аз даст надиҳем  ба фарзанду набераҳоямон Ватани осоиштаи хешро боқӣ гузорем. Биёед дастаҷамъона ба гурӯҳҳои ифротгарои мубориза барем.

 

 

 

 

Омузгори   МТМУ№21            Мустафокулова   Гулсуной.

 

Навгонихо ( 20.07.2018 10:17 )
 
Июл20

Терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамоем.

«Терроризму экстремизм Ватан, дин, мазҳаб надорад,

балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист»

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои терористӣ исҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги базеашон  ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон  миёна  хешу табор ва ҳамсояву аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан-модар ва ҳам масҳаби ҳанафй хиёнат  кардаанд. Дар тӯли таърих  ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-модар, давлат ва мардумро набахшиданд  ва намебахшад».

Тероризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал оварданӣ вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеъа мебошад. Терористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯровари, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Воҷаи «терроризм» аз калимаи лотуни «Terror»  маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст. Тероризм яке аз хавфноктанин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеъаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касп мекунанд. Сатҳо  ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои терористи гардида, ҳазорҳо нафари дига маъюб шуданд. Ин амалҳои мардовар гувоҳи он аст, ки сол аз сол терроризм ба гӯшаву канори олам доман паҳн намуда, фаъолияти худро гшустурда месозад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳроти номатлубӣ замони муосир, хусусан терроризм ва экстромизми диниро маҳкум менамояд. Тероризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳони касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Дакр баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстримисти ба амал омада , боиси ташвишу истироби ҷомеъа гардидааст. Экстромизм аз калимаи лотини « extremus» буда, маънои аслияш канорҷӯи, ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Зуҳроти гурӯҳи терористи дар Афғонистон аз соли 1978 замони ворид гардонидани немӯроҳи Иттиҳоди Шӯрави ба хоки он шурӯъ гардида, то имрӯз бемайлон идома дорад. Бисёр ҷавононӣ гумроҳ фрефтаи ваъдаҳои бардуруғи ифротгароион гашта ба халқи худ, ва Ватани худ ва ҳатто ба падару модари худ хиёнат кардаанд.

Таҳлили терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, дуняви ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки терористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрузҳо натанҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ,    ки ба  манфиятҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмуъ метавонад, ба тамоми ҷомеаи дар ҷаҳонӣ зарар оварад.

Сабабҳои пайдоиши терроризм экстромизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Омилҳои асосӣ аз ҷумла сатҳи пасти дониши динӣ ива дунявӣ, маърисфати ҳуқуқи хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи, воқеӣ, пайдо намудани шавқ ва фаолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳӣ зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттиолоотӣ, фаъолияти динии мубалиғони хориҷи ва ғайра ба шумор мераванд. Дар пешгари намудани шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ донишу малакаи худро истифода барем.

Асозгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон друст таъкид карданд, ки « Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онро тарзи тарбия кунем,  ки фрзандони мо дар зиндагӣ роҳи друстро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсию иқтисоҷди ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надора. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълими кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд. Мо бояд ба қадри ин ҳадяи тақдир бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

 

Сардори шӯрои ҷавонони муассисаи таълимии  № 2

Ф. Абдураҳимов

Навгонихо ( 20.07.2018 09:18 )
 

Шаҳристон