Мо дигар хато нахоҳем кард
Ҳамаи мо медонем, ки баъд аз барқарор гаштани сулҳи пойдор дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ амал мекард. Дар давраи фаъолият ҳизби номбурда баҳри манфиати халқу давлат ягон иқдоми шоиста накард, балки ба амал баровардани нақшаву амалҳои ғаразноки худ, бо истифода аз пуштибонии хоҷагони хеш ба сохти конститутсионии Ҳукумати имрўза хатар эҷод кард. Охирин кирдорҳои мусаллаҳонаи ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва Абдуҳалим Назарзода исботи ин гуфтаҳост. Аз ин рў аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гашта, аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди Тоҷикистон манъ гашт.
Вале, мутаассифона, аъзоёни ин ҳизби мамнўъ гашта, аз кори кардаи худ пушаймон нестанд, боз мехоҳанд, ки бо суханони пучу бемаънии худ мардуми оддии кишварро ба доми худ кашанд. Вале имрўз мардум низ ҳадаф ва кирдорҳои номатлуби аъзоёни ТЭТ ҲНИТ-ро дарк карданд. Дигар намехоҳанд, ки саросари кишварро нооромӣ фаро гирад. Имрўз ҳар гўшаву канори кишварамон обод, зебо, мисли ҷаннат аст. Акнун суоле ба миён меояд, ки ин оромӣ, тинҷӣ, ободӣ ва тараққиётро наҳзатиҳо намепазиранд? Чаро? Охир ҳамаи мо ворисони Олӣ Сомон, тоҷик ва мусулмон ҳастем. Дар як Ватан зодаву ба камол расидем. Нону намаки Ватани азизамонро чашидем. Вале сад афсус, ки бархе аз аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ба қадри тинҷиву оромии кишвари хеш нарасиданд ва ба нону намаки чашидаашон ношукрӣ карданд, ба сари мардуми тоҷик кулфат оварданд.
Магар наҳзатиҳо модар, хоҳар ва фарзанд надоранд? Агар дошта бошанд фаромўш накунанд. Шири сафеди аз модар хӯрдаашон ҳаром бодо! Ҳол он, ки онҳо дар давлатҳои хориҷа паноҳ мебаранду дар аснои зиндагии шоҳона бошанд ҳам, афсус обу хоки Ватани аҷдодӣ дигар аст. Чуноне шоир фармудааст:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.
М. Каримова