Шукронаи тинҷиву осудагӣ
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст». Дар ҳақиқат дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва як қатор кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст.
Дар айни замон доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ торафт васеъ шуда, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон авзои минтақаро мураккаб гардонидааст.
Паст гардонидани шиддати таъсири ҷараёнҳои мазҳабӣ ва ё умуман манъ кардани фаъолияти онҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.
Зеро ки суботу оромии ҷомеа неъмати бузург аст. Дар акси ҳол, таҳмилдиҳандагони муноқишаву муборизаҳо дар амалӣ намудани нақшаҳои нопокашон ба осонӣ комёб мешаванд. Мо бояд зирракии сиёсиро аз даст надиҳем. Вазъи ногувори имрӯзаи Сурия, Ироқ ва Афғонистони ба мо ҳамсоя, ки мардумонашон дар орзӯи сулҳу суботанд, барои мо бояд сабақомӯз бошад.
Имрӯз сокинони кишвар ҷаҳонро бо чашми хирад нигариставу ҳадафу мақсади ТЭТ ҲНИТ ва роҳбарият ва аъзоёни хиёнаткори онро хуб дарк намудаанд.
Онҳо доимо аз пайи нақшаву ниятҳои нопок ва ҷудоихоҳӣ буда, даст ба амалҳои зишту хиёнаткорона мезананд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш намуда истодаанд, ки бо даъвати хоҷагони хориҷиашон ҷавонони гумроҳро ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ва ҷангҷӯй ҷалб намудаву чандин оилаҳоро вайрону ашки модарони интизор дар роҳи фарзандро равон намоянд.
Он ҳодисаи хиёнаткоронае, ки аз тарафи собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо, аъзои ТЭТ ҲНИТ бо кӯмаку ҳидоят ва маблағгузории хоҷаҳои хориҷӣ бо мақсади халалдор намудани вазъи ороми кишварамон ва пойдевори сулҳи пойдор ба вуқуъ омад, далели хиёнаткорӣ ва ватанфурӯшии аъзоёни ТЭТ ҲНИТ мебошад.
Имрӯз ҳар як фарди равшанзамир ва хештаншиноси кишварамон ба қадру манзалати сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ободониву шукуфоии Тоҷикистон мерасанд. Зеро ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, ин қадар ободониву созандагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои ҳамешагӣ ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони меҳнатқарини кишвар мебошад. Халалдор кардани чунин муҳити тинҷу ороми кишвар ношукрӣ нисбат ба Ватан - Модар ва пешравиҳои он ҳисоб меёбад.
Роҳбари ТЭТ ҲНИТ ба қадри тинҷиву осӯдагӣ, ба қадри пешравию дастовардҳои Тоҷикистон, ба қадри дастурхони пур аз нозу неъмат, ба қадри осмони софи кишвар, ба қадри шодиву хурсандии модарону хандаҳои беғаши кӯдакон немерасад.
Имрӯзҳо низ роҳбари ТЭТ ҲНИТ олими беамал Муҳиддин Кабирӣ, ки барои ин Ватан ягон кори хайр накардааст дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони хориҷиаш, ки намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯй ба беҳбудӣ орад ва мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд, аз пайи амалӣ намудани ҳар гуна амалҳои хиёнаткоронаи тарҳрезишуда мебошанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд ва нахоҳанд расид.
Мо тавассути тамошои филми мустанади «Решаҳои ноаён», ки доир ба рафтору аъмоли хоинонаи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ мебошад, бори дигар аз нақшаву ниятҳои нопоки аъзоёни ин ҳизби ифротгаро бохабар гардидем.
Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистони солҳои 90-уми асри ХХ нест. Имрӯз Тоҷикистони маҳбубамон дорои Артиши миллии пуриқтидор буда, он дар ҳама ҳолат кафили осудагиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз Артиши миллӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қодиранд, ки пеши роҳи ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриқонуниро гирифта, ҷазои нохалафони миллатро бидиҳанд.
Лаънат ба хиёнаткорони Ватан, душманони миллати тоҷик, ба роҳбарият, аъзоёни беор ва беномуси ТЭТ ҲНИТ!
Шукронаи Ватани азизу маҳбубамон- Тоҷикистон ва шукронаи Сарвари муаззам ва халқпарвару адолатпеша - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, шукрона мекунем, ки чунин Ватану чунин Сарвар дорем.
Сармутахассиси Ҷамоати
деҳоти Бунҷикати
ноҳияи Шаҳристон Атҳам Раҳимов