Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон

Июл10

Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем.

Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем.

Имрӯз ҳама мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ шукургузорӣ аз даргоҳи Эзид мекунад, ки дар чунин Ватани зебову беҳиштосо офаридаву дар фазои софу беғубои Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Пас, месазад, ки ин Ватан-Модарро муқаддас донем. Мавлонои бузург низ фармудаанд:

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Аммо, чӣ тавре ки ҳамагон огоҳӣ дорем, алъон бархе аз нохалафу кӯрназарон ба ҳар гуна ақидаву амалҳои номатлуби ба миллати мо бегона гаравида, ба Ватане, ки барои мо модари азизу ғамхор мебошад, дасти хиёнат дароз мекунанд. Бехабар аз он, ки онҳо ба падару модар, хешу ақрабо ва оилаи худ хиёнат карда истодаанд. Ҳисси ватандӯстиву садоқат ба Ватан аз замирашон дур гардидааст.

Боиси таассуф он аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик низ фазои сулҳу ороми ватанро монда, ба «ҷиҳод» рафтаанд. Аҷибаш ин аст, ки наход куштани як инсоне, ки ягон зарареро аз ӯ надида бошӣ, қобили ҷиҳод бошад. Наход, кӯдаке, ки дар Сурия ё Ироқ таваллуд шудааст, гунаҳкор бошад?

Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем ва мо бояд фарзандонро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ кунем.

Сармутаххасиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи                 Ғ Туйчиев

дастгоҳи раиси ноҳия

 
Июн19

Терроризим экстремизм хатари глобали ҷаҳон

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст ин экстремизим, фундаментализим, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарзо мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аксаран ташкилотҳои экистремистӣ ба этиқоди динии шахсон таъсир расонида шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешавад, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳоест. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Аз ин рӯ барои донистани роҳҳои пешгирӣ ва таъмин намудани амнияти шахсӣ хабарнигори имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгарои мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарарӣ вазнин, бенизомӣ тағӣири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, низои миллии иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

 
Июн19

Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб

Терроризим аз нуқтаи назари ҳуқуқи чунин аст. Ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад истифодаи он мақсади ҷисмонӣ бартараф кардани рақибони сиёсӣ ваӣрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Навгонихо ( 19.06.2018 06:43 ) Муфассал...
 

Шаҳристон