Чоп

ПАЁМИ табрикии раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси хурсандист, ки пиру барнои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи озодию соҳибихтиёрии мамлакатамон мебошад, бо руҳияи баланди ватандорию ватандўстӣ истиқбол мегиранд.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ буда, аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рўзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Истиқлолият муқаддастару азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунпарвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз баракати он ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо то ба зинаи давлатдории муосир расида, бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Агар ба таърихи 30-соли Истиқлоли давлатӣ назар афканем, оғози солҳои Истиқлол бо ҳодисаву рўйдодҳои фоҷиабораш мардуми моро ба як санҷиши таърихӣ рў ба рў намуд. Душманони дохиливу хориҷӣ аз мустаҳкам набудани давлати тозабунёд истифода бурда, ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакатамон оғоз намуданд. Ҳатто нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории моро тарҳрезӣ намуда буданд.

Хушбахтона, бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар иҷлосия ақли солим ва хираду заковати азалии халқи мо ғалаба карда, фарзанди фарзонаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Дар лаҳзаҳои нахустини роҳбари давлат интихоб шуданашон чунин изҳор намуда буданд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва дар ин роҳ агар лозим шавад ҷони худро дареғ намедорам».

Ин сухан дар замоне садо дод, ки на ҳама масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта метавонист. Замоне буд, ки аҳолии мамлакатро ҳисси ноумедӣ фаро гирифта, ба ояндаи дурахшони мамлакатамон боварӣ надоштанд. Ин суханҳо умед ва боварии сокинони мамлакатамонро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии пурсаодат зиёдтар намуд.

Хушбахтона, дар натиҷаи чандин мулоқоту гуфтушунидҳо санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва санади таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.
Та
ҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили шароити зисту зиндагонӣ ба онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун мадели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардидааст, ки боиси ифтихори мо тоҷикистониён мебошад.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, хулоса ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ мебошанд.

Шукрона, ки бо баракати Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ҷомеаи мо рушд ёфта истодааст. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ҳадафи асосии миллӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардида истодааст.

Дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуд. Манзур аз ин зерсохторҳо пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоотирасонии сар то сарӣ ва ғайра мебошад.

Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, дар ин давра дар ҷумҳуриамон иншоотҳои бузурги ҳаётан муҳим: нерўгоҳҳои барқи обии “Сангтўда –1”, “Сангтўда-2”, “Помир -1”, нерўгоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, агрегати якум ва дуюми Нерўгоҳи барқи обии Роғун, хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб – Шимол”, хатҳои барқии 220 киловолтаи Хуҷанд – Айнӣ, Лолазор – Хатлон, оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА (CASA) – 1000 , Нақбҳои “Истиқлол», “Шаҳристон” “Шаршар”, “Чормағзак” азнавсозии роҳҳои мошингарди “Душанбе-Хуҷанд - Бўстон- Чанок”, Данғара- Кулоб – Қалъаи Хумб - Хоруғ- Кулма “Айнӣ – Паҷакент” ва чандин иншоотҳои дигар, аз он ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шуда, амалигардонии чандин лоиҳаҳо оғоз ва идома дорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки обрў ва эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳон баланд гардида истодааст.

Ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 178 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқи чандин созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Чи хеле ки ба мо маълум аст яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмин намудани аҳолии кураи замин бо оби тоза мебошад.

Ин буд, ки аз тарафи СММ солҳои 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» эълон гардидааст.

Амалӣ гардидани ташаббуси чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боиси беҳтар гардидани вазъи таъминоти сокинони сайёра бо оби тозаи нўшокӣ гардида истодааст.

Дар ҳақиқат ба шарофати Истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи пурмасъулияти таърихии худ, яъне бунёди давлати навину пешрафтаро иҷро намуда, дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ қарор дорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси шукргузорист, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон ноҳияи Шаҳристон, ки ҳамқадами Истиқлол мебошад, сол аз сол рў ба тараққӣ ниҳода, нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баланд гардида истодааст.

Маҳз дар ин давра симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, ба шаҳрак табдил ёфтааст. Бунёди биноҳои хуштарҳу замонавии чандин сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қасри фарҳанг, биноҳои муассисаҳои таълимию тиббӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо ва чароғонкунии кўчаҳо самараи истиқлол мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия 129 иншоотҳои гуногун, аз он ҷумла 5 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 адад муассисаҳои тиббӣ, 17 адад маркази савдо, 16 адад маркази хизматрасонӣ, 5 адад майдончаи варзишӣ, 4 адад дорухона, 4 адад сартарошхона, 3 адад ҳаммом ва 56 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода шуд, ки татбиқи амалии он боиси ободӣ ва пешрафту шукуфоии ноҳия гардида истодааст.

Имсол, санаи 29 июл дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия доир гардида, чандин иншоотҳои таъиноташ гуногун, аз ҷумла сохтмони хатти оби нўшокӣ ва майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳаи Ободӣ, корхонаи саноатии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон» дар деҳаи Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ин восита дар пешрафту шукуфоии ноҳия қадамҳои устувор гузошта шуд.

Инчунин, дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат дар маркази ноҳия бинои муассисаи давлатии Гимназия № 1 мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрўз низ бахшида ба ҷашн дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе аз тарафи соҳибкор Раҷабов Фарҳод бинои “Маркази хизматрасонии Шодмон”, дар деҳаи Чашмасор аз тарафи соҳибкор Хушвақтов Шоҳбоз бинои “Ҳавзи шиноварӣ”, аз тарафи соҳибкор Сангинова Саодат сохтмони бинои доруфурўшӣ (аптека) ва нуқтаи савдо, дар деҳаи Накент аз тарафи соҳибкор Рўзибоева Дилшода бинои маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом, дар деҳаи Суғдиён аз тарафи соҳибкор Мавлянов Камолиддин бинои мағоза мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамдиёрони азиз!

Мо бояд шукронаи чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакатамон намоем. Зеро ки вазъи ноороми ҷаҳони имрўза ҳар кадоми моро водор месозад, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошем. Истиқлолу озодии сарзамини аҷдодиамонро чун гавҳари бебаҳо ва неъмати азизу муқаддас эҳтиёт кунем. Муҳимтар аз ҳама суннату анъанаҳои неки гузаштагон, аз он ҷумла сарфаю сариштакориро риоя намуда, насли ояндасозро дар руҳияи дўст доштани Ватан ва арзишҳои он, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоем.

Боварии комил дорам, ки мардуми баору номуси ноҳия ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, минбаъд низ бо азму иродаи қавии худ бо меҳнати софдилона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳия саҳми босазои худро мегузоранд.

Бо чунин таманниёти нек фарорасии ҷашни мубораки 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми саодатманди ноҳия самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хонаи обод, тансиҳатию болидахотирӣ ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани азиз дастоварду комёбиҳо орзу менамоям.

Бигзор Истиқлоли давлатӣ абадан поянда ва ҷовидон бимонад! Ҷашни Истиқлолу озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!