Чоп

Терроризм ва ифротгароӣ

Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад.Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикаст нопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок мустаҳкам намоем. Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Имрўзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рўҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад.

Мо омўзгорон ба чунин хулосае омадем, ки ба ин зуҳуроти номатлуб бояд дастҷамъона мубориза барем. Имрўз бояд ҳар як фарзанди Ватан қарзи фарзандии худро дуруст фаҳмида бар зидди тероризм мубориза барад ва Ватани худро аз ин гуна падидаҳои номатлуб ҳимоят кунад. Бояд ҷавонон тамоми кўшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфонии ватани маҳбубамон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд.