Чоп

САФАРИ БОБАРОР

Санаи  12 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия ташриф оварда  бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот намуданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкорҳои дуҷониба бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.  Соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номбар карда шуд

 

 

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва тағриботи

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон                                                     Обидов Илёс