Чоп

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУШКИЛОТИ

АСОСИИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рўз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти чаҳон ба ҳар як сокини сайёра тахдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Терроризм чист ва террорист кист? Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») бармеояд ва маънои «тарс ва ваҳм»-ро дорад. Террорист нафарест, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зўравонӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад. Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун, терроризм – зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту инсондўст, ҳар шахси комили ҳуқуқӣ ҷомеа аст.

Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб корӣ осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввалини дар ин роҳ ҳарчӣ бештар бо саводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад.

Директори МТМУ №21 Р.Холмирзоев