Чоп

КОНСТИТУТСИЯ-САРЧАШМАИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Давлати мустақил гуфта давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегўем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд. Мову Шумо низ фахр кунем, ки сокини Ҷумҳурии Тоҷикистонем. Вақте ки ба дунё омадем, ба мо гувоҳнома додаанд, ки он сокини ҷумҳурӣ буданамонро тасдиқ мекунад. Инро бояд аз хотир набарорем, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Конститутсия ин рамзи озодӣ ва мустақилияти давлати мо мебошад. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бинобар ин, вақте ки саҳифаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонем, диламон лабрези фараҳ ва шодӣ мегардад.

«Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумоёнро Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, баҳратон тамоми хушиҳои рўзгор, тинҷиву осудагӣ, дўстиву рафоқат ва саломатии бардавомро таманно дорем.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия