Чоп

Нест бод экстремизму терроризм

Экстремизмин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои озодона зиндагӣ намудани ҳар як шахс шароит фароҳам оварадааст. Таъкид бояд кард, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад, аз ҷумла моликияти хусусиро давлат кафолат медиҳад. Мо ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин имконияти фароҳамовардаи давлату ҳукумат дар истифода мебарем, на ин ки ба гуфтаҳои дурўщини хиёнаткорону хоинон бовар кунем.

Вале сад афсус, ки баъзе шахсоне ҳастанд, ки ба ин гуна шароит қаноат намекунанд. Ба гуфтаҳою найрангҳои хоинони миллат изҳори боварӣ мекунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки маълумоти олӣ надошта бошад ҳам ба шахсони гумроҳ дарси динӣ мегўяд. Бо ҳамин роҳ майнаи сари онҳоро заҳролуд мекунад ва дар оянда аз онҳо ҳамчун силоҳ истифода мебарад. Вале оқибати ин кирдорҳояшро фикр намекунад.

Мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем ва нагузорем, ки ба кишвари маҳбубамон Тоҷикистон зараре расад. Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азиз!

МТМУ №10 д. Фирдавсӣ

Омўзгори фанни таърих Абдуазимов Ҷ.