Чоп

Фиребгарӣ гуноҳи азим аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои озодона инкишоф ёфтани ҳар як шахс шароит фароҳам меоварад. Таъкид бояд кард,ки иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад аз ҷумла моликияти хусусиро давлат кафолат медиҳад. Мо ҳамчун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин имконияти фароҳам овардаи давлат дар роҳи давлат, ҷамъият ва худ истифода мебарем.

Вале сад афсус,ки баъзе шахсоне ҳастанд,ки ба ин гуна шароит қаноат намекунанд. Онҳо мулки давлат ва шахсонро талону тароҷ мекунанд. Ба ин гунна тоифаи шахсон Муҳаммадиқболи Садриддин мисол шуда метавонад.

Ин шахс маълумоти олӣ надошта бошад ҳам ба шахсони аз 10 сола боло дарси динӣ мегуфт. Бо ҳамин роҳ майнаи сари онҳоро заҳролуд мекунад ва дар оянда аз онҳо ҳамчун силоҳ истифода мебарад. Хонаҳои шахсони бечораро бо фиребу найранг аз они худ мекунад. Вале оқибати ин кирдорҳояшро фикр намекунад.

Ҳама вақт ҳушёр бошем. Аз кирдорҳои онҳо бохабар бошем.

МТМУ №10 д. Фирдавсӣ

Омўзгори фанни таърих ____________________Абдуазимов Ҷ