Чоп

Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем

Амалҳои террористӣ солҳои охир торафт авҷ гирифта истодааст. Дар бисёр ҳолатҳо ҷавонони мо барои ёфтаани ҷавоб ба саволҳои динӣ ба шабакаҳои интернетӣ рўй оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои террористӣ-экстремистӣ меафтанд. Ин тағлибгарони бевиҷдон ыоидаҳои дини исломи мубинро ғаразмандона таҳриф намуда, ҷавонони бечораро ба амалиёти ифротӣ даъват менамоянд.

Падару модарон ҳушёриро аз даст надода фарзандони худро дар истифодаи шабакаҳои интернетӣ бояд назорат кунанд.

Мо бояд сарҷамъона бо он террористони хоин мубориза барем ва нагзорем, ки хоинони миллат ба кишвари маҳбубамон Тоҷикистон газанде расонанд.

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии

Тоҷикистон омўзгори фанни химия

ва биологияи МТМУ№20 д.Фирдавсӣ Бегбўтаев Сайдулло