Чоп

Ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои

фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъала оид ба фаъолияти бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон, омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими баҳори соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони ба масъала дахлдор иштирок доштанд.

Инчунин, дар ҷаласа Сардори маркази таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Абдусамадов Муҳиддин иштирок дошт.

Ҷаласаро раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил ифтитоҳ намуд.

Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон Муродов Хуршед оид ба фаъолияти бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон, омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими баҳори соли 2022 баромад намуд.

Сардори маркази таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Абдусамадов Муҳиддин баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳои судманд дод.

Дар охир Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил баромад намуда, дар назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.