Чоп

Мо бар зидди ифротгарон мубориза мебарем

Ҳодисаҳои террористию экстремистӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дасти террор бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кўдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тўдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатангез ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зўроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Мо ҳамеша бар зидди ин гуна амалҳои номатлуби хоинони Ватан истодагарӣ менамоем ва ҳеч вақт кишвари азизи хешро ба дасти ифротгарон нахоҳем дод.

Омўзгори синфҳои ибтидоии

МТМУ №2

ба номи Ҳ.Ғайбуллоев И.Собиров