Чоп

Иқтидори мо аз ваҳдат аст.

Боиси ифтихор аст, ки сокинони Тоҷикистони маҳбубамон дар партави нури хуршеди истиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон машғуланд.

Мо хуб дарк мекунем, ки ободониву пешрафт ва тавоноиву иқтидори ҳар як давлат аз ваҳдату ягонагӣ мебошад. Шукрона, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот побарҷост ва мо фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллиро ҳифз ва эҳтиром менамоем.

Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амал омад, моро бетараф гузошта наметавонад. Имрўз бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо муттаҳид ҳастем ва иқтидори мудофиаивии Артиши миллии мо бузург аст. Сарбозону афсарони далер ва ҷасури мо омода ҳастанд дар ҳама ҳолат марзи кишварро ҳифз ва ҷазои нохалафонро бидиҳанд.

Чуноне ки Абдулқодири Бедил гуфтааст:

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.