Чоп

Имрўз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ ва терроризм ба ташвиш оварда истодааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла, ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон хатар пайдо мекунад. Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ дар замони муосир мебошад. Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод карда, арзишҳои моддию маънавиро нобуд карда истодааст.

Терроризм проблемаи асосии имрўза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи динию дунявӣ ба доми худ ҷалб намуда истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ин гурўҳҳои номатлуб бисёртар ба назар мерасад. Ҷавононе ҳастанд, ки аз надоштани дониши комил ба доми ин гуна ҳаракатҳо дохил шуда истодаанд. Дар ин давраи
ҳассос мо бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем.

Мубориза бар зидди терроризм яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар шароити имрўза мебошад, ки терроризм як ыатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст. Дар натиҷа якчанд шаҳру деҳоти ободу шукуфон ба харобазору вайрона табдил гардида истодааст.

Аҳолии зиёд хонавайрон гардида, дар мулки ғарибӣ гаштаанд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд. Мо бояд ҳама дастҷамона бар зидди ин гуна падидаи номатлуб мубориза барем.

Омўзгори фанни забон

ва адабиёти тоҷик

МТМУ №3 ба номи Н.Ҳотамбоев Худойназарова М.