Чоп

Ворух- пораи қалби мо ва сокинонаш ҳамхуни мо

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳристон бо эҳтиром ба ҳар як ваҷаб хоки Ватан зиёда аз 1000 нафар сокинони ноҳия, шаҳрвандони дар эҳтиётӣ дар қайди комиссарияти ҳарбии ноҳия қарордошта омодаи сафарбар гардидан ба ҳимояи марзи кишварамон мебошанд.

 

Роҳбарияти ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ сокинони ҷамъомадаро таъкид намуданд, ки ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар ҳама вазъият дар ҳимояи марзи кишвар омода бошанд. Мо, шаҳристониҳо бо шумоем, бародарони Исфара!

Мутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия З. Каримов

Навгонихо ( 01.05.2021 08:24 )