Чоп

Хоинони миллат-Ватан надоранд!

Имрўз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намоянд. Ва нагузоранд, ки ягон хиёнаткор ба халқу миллати азизамон халал ворид созад.

Муҳаммадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз хоинони миллати мо буд, ки ба мақсади ғаразноки хеш нарасид ва аз тарафи худи террористон кушта шуд. ва ҳаммаслаконаш Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамон хоини миллат ба ҳисоб рафта, ба тинҷиву осудагии миллатамон чашми ҳасад мебурданд. Чихеле ки мегўянд «Чоҳкан зери чоҳ!». Хоини миллатро танҳо марг интизор аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ироа намуданд, ки «Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем».

Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки насли ҷавонони имрўзро дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбият намуда, кўшиш ба харҷ диҳем, ки вақти худро ба корҳои беҳуда сарф накунанд. Вазъияти имрўзи замони муосир моро водор месозад, ки масъулиятро нисбати фарзандон дучанд намоем ва ба таълиму тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шавем. Зеро маҳз ҳамин ҷавонони бонангу номуси мо ояндасози миллатанд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Абдувоҳидова С.