Чоп

Терроризм

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Инсоният бояд ҳамеша дар назар дошта бошд, ки терроризм ва террористонро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, террорист, ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Таъмини сулҳу суботи кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созанда дар сатҳи минтақа ба шумор меравад. Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро гардида истодааст. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бахусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерўи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки бар зидди ин гуна падидаҳои номатлуб мубориза бурда хушёриро аз даст надиҳанд ва ба шомил шудан ба гурўҳҳои ифротц худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи шомил шудан ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.