Чоп

Вохўрии судманд

Имрўз, 25 май дар толори Раёсати молияи ноҳияи Шаҳристон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021 ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандўстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурўҳи таблиғотӣ дар ҳайати Абдуҷабборов Маъруф-корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тағоймурод Орифӣ-рўзноманигори рўзномаи «Минбари халқ» бо сокинони касбу кори гуногуни Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ҷамъомад доир гардида, корҳои таблиғотӣ вусъат бахшида шуд.

Чунин вохўрӣ дар толори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат низ баргузор гардид.