Чоп

Баргузории иҷлосияи шашуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия,

Имруз, 28 май дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон иҷлосияи шашуми ғайринавбатии Мачлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум доир гардид.

Иҷлосияро раиси ноҳия, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Акрамзода Баҳодур Исмоил ифтитоҳ намуд.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин:

- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бақарори маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шаҳристон аз 30 декабири соли 2020, №55 дар бораи қабули буҷети ноҳияи Шаҳристон барои соли 2021;

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети маҳалии ноҳияи Шаҳристон барои семоҳаи дуюми соли 2021;

- тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд.

Аз рўи масъалаи якуми иҷлосия сардори Раёсати молияи ноҳия Олимзода Малик Ислом баромад намуд.

Дар иҷлосия дигар масъалаҳо низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба қарори Маҷлиси вакилони халқии ноҳия аз 30 декабри соли 2020, №55 ва ба буҷети маҳалии ноҳия барои семоҳаи дуюми соли 2021 тағйирот ворид карда шуда, аз тарафи вакилони иҷлосия вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.