Чоп

Вокуниш

Ба  ҳамагон маълум аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷиву орми ва сулҳу субот пойдор мебошад. Намедонам,  чи  сабаб бошад, ки ин гурӯҳ нияти баъдро доранд ва оқибати ин корҳои анҷомдодаи онҳо  некӣ нест.  Дар  ҳоли ҳозир бошад, дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаи глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди  миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои  бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии  мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.  Мо хуб медонем, ки  дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо Тоҷикистон,   ҳамчун давлати соҳибистиқлол, озодӣ бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ рўи пояҳои мустаҳками давлатдорӣқарор гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ва намоёнтарин чеҳраи сиёсии ин айёми мураккаб ва ҳамзамон тақдирсоз  хизматҳои фидокоронаи Президенти кишвар мебошад.

Оё онҳо  як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ  ба ҳукумат  расидан чӣ паёмадҳое дар  пай хоҳад дошт?  Оё фикр намекунанд, ки кишвари  оромиро  ба коми ҷангҳои  беохир мекашанд.  Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигузор як хулоса  даркории худро дар мавриди аз даст кашидан ва ё умуман по додани он бароранд.    Аз ин рӯ, халқ дар шахсияти  ӯ роҳбар ва сарвари олиҳиммати худро пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тимсоли ифтихори ватандорӣ барои мардум табдил ёфт ва иродаи мардумро дар истиқрори сулҳ ва пиёда  намудани  сиёсати мусолиҳаи  миллӣ ба таҳрик овард, ки зеҳни мардумро дигаргун сохт ва иродаи ӯро ҷанбаи созандаю бунёдкорӣ дод. Бояд қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ бешубҳа рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарии миллати  тоҷик ва таҷассумгари ҳамбастагию ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дастгирии онҳо аз ҷониби кишварҳои бузургу созмонҳои байналмилалӣ аз боло рафтани нақшиТоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гувоҳӣ медиҳанд.