Чоп

Муҳиддин Кабирӣ - хоини миллат.

Дар Тоҷикистон ҳизби террористии исломӣ бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекард ва нафарони зиёдеро низ дар оғоз тавонист ба узвияти худ шомил намояд. Аз аввал  чеҳраи сиёсӣ ва манфӯри ин ҷоҳталабон барои ҳамагон равшан набуд . Вале бо мурури замон  мақсаду мароми  онҳо  миёни мардум ошкор гардид. Сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва қурбони беадолатӣ гардидани 150 ҳазор нафар шаҳрвандон  ҳамин ҳизби бо ном исломӣ буд. Тайи чанд соли охир хушбахтона бо амри Прокрори генералӣ фаъолияти ин ҳизб боздошт гардида  ва саркардагони он қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда гурӯҳи дигарашон дар хориҷи мамлакат ба тӯҳмату дасисабозӣ машғуланд.

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз зери қаноти хоҷагонаш ба сӯи роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он санги ғаразнок партофта мехоҳад, ки мамлакати амну оромро боз аз нав бо дасисаҳои худ ба коми оташ кашад. Вале дигар халқи тоҷик кайҳост, ки ҷои худро шинохтааст ва он дигар ҳаргиз гумроҳ нахоҳад шуд.  Ту Кабирии бадаъмол дигар наметавони ақлҳои ин мардуми тамаддунофар ва фарҳангиро бо пардаи сиёҳи ғаразҳои шахсият тира гардонӣ. Мо ҳаргиз ба ту дигар бовар намекунем ва Тоҷикистонамонро ба дасти ту ва ту баринҳо нахоҳем дод.

 

Омузгори МТМУ8:                             Салимова Д