Чоп

Хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Пешрафти илму техника албатта ёрии аввалиндараҷаи худро барои одамон мерасонад, аммо дар ҷомеа афроди бадтинате низ пайдо мешаванд, ки ҳамаи ин тараққиёту воситаҳои ёрирасонро барои манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд ва ҷомеаро ба нооромиву харобаҳо оварда мерасонанд. Албатта ин ҳама маҳсули кори як нафар ё ду нафар нест. Гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки оромии халқро дида наметавонанд ва ҷомеаро ба нобудӣ оварда мерасонанд. Ин гуна афрод ҳатто падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабояшонро дар роҳи ба мақсади нопоки худ расидан қурбон мекунанд. Мансаб барои онҳо аз ҳамаи наздиконашон боло меистад ва дар роҳи ба мансаб расидан ҳамаи онҳоро қурбон месозанд. Ин гуна шахсонро дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо номи нангини «террорист» мешиносанд ва ҳама нисбати онҳо нафрат доранд.

 

Омӯзгори МТМУ№8:                   Махкамова Н