Чоп

Пешгирии терроризм ва экстремизм омили амнияти мамлакат.

Яке аз муаммоҳои глобалии имрӯза - ҳаракатҳои ифротгароии терроризму экстремизм ба ояндаи аҳли башар хавфу хатари бузург андохта истодааст. Аҷибаш ин аст, ки террористон даъвои мусалмонӣ менамоянду худ ба воситаи амалҳои террористӣ мусалмонони бегуноҳро ба қатл расонида истодаанд. Ин гуна шахсон мусалмон нестанд ва ҳеҷ гоҳ бо ин амалҳои номатлуби худ мусалмон шуда наметавонанд!!!

Маълум аст, ки ин гуна гурӯҳҳо дар кишварҳои ҳамсоя амалиётҳои террористиро ба вуқуъ оварда ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол карда истодаанд. Мо аҳли Тоҷикистон ҳамеша муқобили терроризму экстремизм ҳастем ва ба корҳои ифротгаронаи онҳо лаънат мехонем.

Омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Шаҳристон:                Собиров Икромқул