Чоп

ЭЙ ҲАМВАТАН ҲУШЁРБОШ!

Душман чӣ мекорад,

Низо!

Кишташ чӣ бор орад,

Бало.

Моро зи ҳам карда ҷудо,

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Ӯ дӯстҷӯ, ту дӯстрӯ

Ӯ ҳилладон, ту соддахӯ

Фан даст дар ҳар қанди ӯ

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Гаҳ ёру ёвар мешавад,

Гоҳе бародар мешавад.

Мор аст аҷдар мешавад,

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Чун гард боло мешавад,

Дар дидаат ҷо мешавад,

Бахтат таги по мешавад,

Эй ҳамватан ҳушёр бош.

Мудири бахши кор

бо занон ва оила                                Бойзоқова З.