Чоп

Терроризим ва таъсири он ба мафкураи ҷавонон

Мутассифона, дар замони муосир сафи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогаҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода, кам нестанд ва онҳо  ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми хоҷагонашон қурбон мекунд,

Ба назар мерасад, ки ноогаҳи аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гурӯҳои террористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки дар пайи ин ҳамаи ин ғаразҳои ғайриинсонӣ истодааст, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Моро лозим аст, ки дар чорабиниҳо оид ба терроризм  бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем . Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризим, экстремизим ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намоем.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризим ва эксремизим натанҳо  равшанфикирон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Китобдор                  Муртазоқулова Н.