Чоп

Истиқлоли тоҷикон нишона аз номусу шарафи мост!!

 

Дар ҳақиқат Истиқлол неъмати бебаҳо аст. Бо шунидани калимаи Истиқлол сулҳу дӯстӣ, оромиву осудагиро пеши чашм меорем. Мардуми қавииродаи мо  тоҷикон ин ҷашни пуршукӯҳро ҳар сол бо тантана ҷашн мегиранд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри сол 1991 қабул карда шудааст. Пас аз ин воқеаи муҳими таърихӣ санаи мазкур барои мо муҳиму муқаддас арзёбӣ мешавад. Ҷашни Истиқлол яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳу шаҳомат ба шумор меравад, он рӯз тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳусну нафосати.  идонаро талқин менамоянд.

Аз нахустин рӯзҳои Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум бо умеди фардо ба зиндагӣ кардан пардохта, барои якпорчагии кишвар камари ҳиммат бастанд. Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем давлати навро барпо карда, шароитҳои неку хубро барои мардум муҳайё созем.

 

 

Имрӯз аз шароитҳои мавҷуда ва имкониятҳои нек дида чашми кас сер намешавад. Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо табиати мафтункор, таърихи қадима ва муҳим бо одамони меҳнатдӯсташ миллионҳо ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ман ифтихор дорам, ки дар яке аз зеботарин гӯшаи Ватанам Тоҷикистон дар навоҳии Шаҳристони вилояти Суғд истиқомат карда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва барои номбардории кишварам камари ҳиммат бастаам. Соли равон ман гирандаи стипендияи Раиси ноҳияи Шаҳристон гардидам, ки бениҳоят шодам ва кӯшиш дорам, ки то таълим гирифта, барои пешрафти Тоҷикистон ҳиссагузор бошам.

Истиқлолият шараф, номус ва матонати мост!! Мо онро бояд мисли гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем!!

 

Гулсанами Зарифҷон,

гирандаи стипендияи

Раиси ноҳияи Шаҳристон