Чоп

Истиқлолият - ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

 

Истиқлол неъмати бебаҳои мо тоҷикон ба шумор меравад. Миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати махсус пайдо намуд, ки барои тоҷикон ин воқеаи фараҳбахшу бузург буд. Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳар сол рӯзи 9-сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, мавқеи махсус дорад, зеро Истиқлоли орзуву амали чандинсолаи халқи заҳматкашиӣ тоҷик ба шумор меравад.

Мо бояд ифтихор кунем, ки дар яке аз мамлакатҳои биҳишти рӯи Замин зиндагӣ мекунем. Тоҷикистон баъди даҳ асри бедавлатӣ соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати давлати Ӯзбекистон таъсис ёфт.  Баъдан соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун ҶШС Тоҷикистон ба дар ҳайати ИҶШС таъсис дода шуд. Боиси фараҳ ва хушбахтист, ки 9-сентябри соли 1991 баъди пош хӯрдани давлати иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқубунёд, дунявӣ ва ягона таъсис ёфт. Мо соли равон 31-умин солгарди Истиқлол давлатии Тоҷикистонро бо сурур ҷашн мегирем.

 

 

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлати ватани азизамон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст,ки албатта сабабгори ҳамаи ин ободиву зебоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон буд, ки мо Тоҷикистонро аз сифр бо меҳру муҳаббати самимӣ бунёд кардем.

Мо ҷавонони хушбахти замон шукрона аз он мекунем, ки имрӯзҳо дар чунин ватани ободу зебо, осоишта ва сулҳу субот зиндагонӣ карда истодаем. Шукургузор аз он ҳастем,ки имрӯз барои ҷавонон шароитҳои хеле муфид фароҳам карда шудааст, ки мо дар мактабҳои замонавӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон аз ҷумла компютерҳо, тахтаи электронӣ, китобҳои электронӣ ва аз дигарҳо босамар истифода намуда аз илмҳои замони худ бохабар шуда, онҳоро аз худ карда истодаем.

Ин ҳама неъматҳои Истиқлолият аст, неъматҳои Истиқлолият бебаҳо ва пурсамар аст, бигзор Тоҷикистон ҳамеша ба қуллаҳои мурод бирасад. Ҳамеша офтоб чун имрӯз дар кишвари мо нурпош бошад.

 

Ғозиева Қурбоной,

гирандаи стипендияи

Раиси ноҳияи Шаҳристон