Чоп

Падидаи номатлуби ҷаҳони муосир

Дарвоқеъ, падидаи даҳшатангези терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи ҳам олимону сиёсатмадорон ва ҳам қишрҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ қарор гирифтаст. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷа ва глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.Аксари ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои зишту касиф ва разилонаи худ ақидаҳои дини мубини исломро истифода бурда, номи поку ноб ва беолоиши онро доғдор намуда истодаанд. Мо ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем.

 

 

Ҳамеша кӯшиш кунем, то ки насли ҷавон фирефтаи ин гуна равияҳову ҷараёнҳои номатлуби ҷомеа нагарданд. Чунонки маълум аст, рушди ояндаи ҷомеа маҳз аз ҷавонон вобаста аст. Сарвари давлатамон низ ба ҷавонони кишвар такя намуда, баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ, барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти кишвар ва бедорию зиракии онҳо шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, пайваста дар баромадҳои худ қайд менамоянд: Мо ҷавонони кишвар доимо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати татбиқ ва иҷрои он, инчунин баҳри ҳифзи сулҳу субот ва амну осоиштагии кишварамон, ки дастоварди бузурги истиқлолият, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар буда, миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст, кӯшишҳо ба харҷ медиҳем.

Нозири сомонаи

Ҷамоати Шаҳристон                Қобилҷонзода Сабзина