Чоп

Иқдоми нек

Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ин санаҳои бузург дар ҳаёти 30 соли мо нақши бузурге мебозад. Имрўз мардуми шарафманди диёри азизамон шукрона аз озодиву ободӣ ва аз истиқлолият мекунанду ҷавобан ба ин бо меҳнати софдилонаи худ арзу сипос менамоянд.

Имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори ҷ умҳуриамон тақсимоти тўҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров инчунин дар ҳар маҳаллаҳои ноҳияи мо низ идома дорад. Омўхтани таърихи худ ба ҳар як фарди боному нанги диёрамон ҳам қарз асту ҳам фарз.

Мо аз ин иқдоми нек хеле шод ҳастем, ҳама бо аҳли хонавода ин китобро мутоила менамоем.