Чоп

Варзишгарон комёб шуданд

Дар асоси фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2021 №79/в ва бо фармоиши МДМВ-и ноҳияи Шаҳристон 20-нафар варзишгарони УШУ таҳти роҳбарии мураббӣ Т. Абдуллоев санаи 6 июни соли 2021 ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ варзишгарон аз шаҳрҳои Душанде, Хуҷ анд, Конибодом, Кўлоб, ноҳияҳои Фархор, Деваштич, Зафаробод ва Б. Гафуров ҷамъ омада буданд.

Дар мусобиқа варзишгарони ноҳияи Шаҳристон фаъолона ширкат варзида дар натиҷа варзишгарон аз деҳаи Фирдавсӣ Муҳаммад Мирзобеков, Бегзод Сувонқулов, Беҳруз Ҷумабоев, Қувончбек Абдураҳмонов, Муҳаммад Кенчаев, Умурзоқ Раҷабов ва Муҳаммад Шерматов сазовори ҷои аввал, Батзоҳбек Алимбеков, Худоёр Қушматов ва Бегзод Кенҷаев, сазовори ҷойи дуюм ва Шероз Тўйчиев, Аслиддин Тухлиев, Нурбек Исломов, Муҳаммад Ҷумабоев ва Меҳрубон Тухлиев сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.