Чоп

Истиқлолият рамзи саодати миллат.

Ворид шудани Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ дар истгоҳи ҳазорсолаи ҷадид башорате аз хузури рӯзҳои бо саодату лаҳзаҳои бошарофате ба ин миллату ин мардуми соҳибтамаддун таҷаллӣ рехт. Гузаштаи ақвому миллатҳои қаламрави хастии инсоният бозтоби хикматеро рӯи андешаву пиндорҳои мо равшан сохтааст, ки харгиз ҳеч истиқлоле новобаста ба моддӣ ва ё маънавӣ будан ба осонӣ дастёб намегардад ва бузургтарин қавму халқҳо дар ростои расиданд ба он талошу сарсупурдагӣ ва ҷонбохтагиҳое  аз худ зоҳир карданд. Ҳамин роҳи пурранҷ, ки мунтаҳояш ҷойгоҳи нуҳуфтаи хазинаи пурганҷи мақсуд буд, барои миллати тоҷик ҳам дар ин давраи нави таърихӣ, дар вурудгоҳе, ки ҷаҳонро ба рӯйкардаҳои тоза ва хастии пайкорҳои қудрати навин раҳнамоӣ мекард, оғоз бош шебу фарозҳоеро рӯ ба рӯ намуд.

 

 

Бо шукргузорӣ аз сарнавишт,  ки ин роҳи норавшан бо ҳузури мубашшири сулҳу саодат ва раҳнамояндаи Ваҳдати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи XVI  Шӯрои олии Тоҷикистон истгоҳи хақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид, ки аз он ҳавопаймои ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳо дур ба парвоз омада, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баробари эҳёи олитарин арзишҳои маънавӣ, ки фурсате ба гузаштаи фаромӯшӣ рафта буданд, манзалати фарҳанги тоҷиконро дар арсаи олам бо шоистагӣ муаррифӣ намуда ва аз сӯи дигар ҷаҳони муосир бо тозатарин дидгоҳҳо дар шиноҳти ин фарҳанги бо нуфуз қадам бардошт.

Омӯзгори фанни технологияи итттилоотӣ  МТМУ №9 ба номи

Суяр Самандаров деҳаи Гулистон   Ҳӯҷанова Саодат.