Чоп

Зикри ҷашни Меҳргон дар осори бузургон.

«Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод буда,гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.»

Эмомалӣ Раҳмон

Меҳргон ба мисли Наврӯз яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мекарданд. Аммо, бо мурури замон, ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш  дар қаламрави мамлакат баргузор намегашт. Нишонаҳои суннати  Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони   соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимояи меёфт ва гоҳ-гоҳ  дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

 

 

Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса  изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос, ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз  он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва либосҳои  шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз  ҳам фаровон гарда два инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.

Омӯзгори МТМУ № 9 ба номи Суяр Самандаров

Эрбекова Ноила.