Чоп

Бетараф набошем

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро терроризм ва экстремизм батаҳлука афтота истодааст.  Ҳар як фарди ҷомеа маъно ва мақсаду мароми  терроризм ва экстремизмро бояд хуб дарк намоянд.  Хусусан ҷавонони имрӯза  эҳтиёткор бошанд.

Ҳодисаҳои солҳои охири кишвар гувоҳи онанд,ки иддае аз ҷавонон ба қувваҳои ифратгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро  пеш гирифтанд. Ин гуна ҷавонони раҳгумзадаву фиребхӯрдаро бояд ба роҳи рост ҳидоят намуд. Мо бояд  нисбати ин гуна шахсон бетараф набошем, дар шуури ҷавонон фазои холи намонад. Ҳамеша кӯшиш намоем,ки ҷавонони имрӯза, фарзандони мо  илму касб омӯзанд, ба шуғли дӯстдошта худ соҳиб бошанд. Кадоме,ки шахс хусусан ҷавонон вақти холӣ дошт бошанд, ба тариқи сомонаҳо аз ҳар гуна сайтҳо роҳи даромади бемуфтро меҷӯянд. Террористон ҳамин тариқ ҷавононро аз роҳ мезананд, ин ҳама аз бесаводиву иродаи сустӣ ҷавонон ва беэътибории мо калонсолон гувоҳӣ медиҳад.

Мо  волидайн бояд ҳар лаҳзаи вақти худро ғанимат дониста, аз шароитҳои мавҷуда шукргузорӣ намуа, фарзандони худро дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватани азизи худ равона созем. Нагузорем,ки фарзандони тоҷикистониён хиёнаткору терррорист шавад.

 

Мудири бахши кор бо

занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Шаҳристон                                                           Эшмуратова О.