Чоп

ҲАРОМ БОД ШИРИ МОДАР, ЭЙ ХИЁНАТКОРОН

Бо таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод медиҳанд, Волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Хиёнаткорон Ватан надоранд. Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми Тоҷикистон  рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси  хиёнаткорро  маҳкум намуда, нафрат доранд.

Ҳаром бод шири модар ба чунин шахсони хиёнаткор

М.Каримова