Чоп

Ифротгароӣ – таҳдид ба суботи ҷомеа

Тоҷикистон дар зарфи 28-соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба дастовардҳои хеле зиёд ноил гардид. Мардум озодона дар фазои демократия умр ба сар мебаранд. Халқи шарафманди тоҷик бо шукргузорӣ аз амну субот, ваҳдати  бамиёномада ба корҳои ободониву созандагӣ шуғл доранд. Аммо дар ҷомеа қувваҳо ва ё нафароне  ҳам ҳастанд, ки он ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд ва воқеияти имрӯзаи кишварро аз мавқеъҳои ғаразнок таҳриф менамоянд.

Дар шаҳри Берн — пойтахти Швейтсария алайҳи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” роҳпаймоии эътирозӣ доир карданд. Шиорҳои пучу бемазмуну дурӯғгини онҳо барои мардуми ватандӯст ҳеҷ маъние надорад.

 

 

Хушбахтона, имрӯзҳо дар тамоми дунё номи давлати тоҷиконро медонанд, ба забон меоранд ба ҳурмати он ҳини садо додани Суруди миллӣ ва оҳанги мутантани он аз Сарони давлатҳо то хурду калон ба по мехезанд, ба Парчамаш суҷуд меоранд. Ҳамаи ин ифтихор ва мояи шукри беадад аз Истиқлолият  ва Ваҳдати миллист, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Лекин ашхоси огоҳу некандеш хуб медонанд,  ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва ҳукумат мебошад.

Саъю кӯшиши ҳамешагии Сарвари давлатамон ба он  равона шудааст, ки дар кишвар сулҳу субот ҳамешагӣ пойдор бимонад ва туфайли меҳнати суботкорона мардум зиндагии шоиста дошта бошад. Моро лозим аст, ки чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа ҳамеша аз пайи шукуфоии мамлакат, пайрави Пешвои миллат бошем. Ба дастовардҳои кишвари азизамон  дастовардҳои нав ба нав зам намоем.

Ҷавобан  ба эътирози хоинони миллат гуфтанием, ки онҳо худ зархаридони хоҷагони хиёнатпеша буда, ба ивази маблағҳои ночизу нопок ватанфурӯшӣ мекунанд. Оё боре ҳам фикр кардаанд, ки  худ барои манфиати халқу миллат чӣ кореро ба анҷом расонидаанд? Худ душмани озодӣ ҳастанд. Ба пуштибонони худ сахт бовар карда, номи Сарвари некандеши моро сиёҳ карданианд. Аммо бидонанд, ки ба мақсадҳои нопок намерасанд.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд аз чунин шахсияти таърихӣ, сиёсатмадори дурандеш, Сарвари оқилу хирадманд ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намояд

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия                                    Муҳиддинов Б.