Чоп

ҚОНУН РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Ватан сар мешавад аз гавҳора,

Зи шири поку аз пистони  модар.

Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсия нав ба амал омад. Дар санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсия ба тариқи райпурсии умумихалқӣ  пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон муқаррар гардид.

 

 

Канститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  10 боб  ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат аст.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, амали меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил - расидани Тоҷикистон  нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсия даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Ҳамасола санаи 6 ноябр ҳамчун рӯзи таърихи дар саросари кишварамон  таҷлил карда мешавад.

Барои ин Ватан ҷон фидо мекунам,

Ватан ҳарчи хоҳод иҷро  мекунам.

 

 

Омӯзгори фанни

Забон ва адабиёти тоҷик                              Ғозибекова      О