Чоп

Ҷанбаҳои гендерӣ

Дар пешгирии тундгароӣ ва экстремизм ба инобат гирифтани нақши гендер, яъне интизориҳои иҷтимоӣ нисбати рафторе, ки барои мард ва зан муносиб дониста мешавад, аҳамияти зиёд дорад. Пурра рушд наёфтани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои занон ва норозӣ будан аз мавқеи худ дар ҷомеа низ омили мусоидаткунанда ба ҳассосияти занон нисбати даъватҳои экстремистӣ маҳсуб меёбад. Аксар ҷавонзанон ва духтарон аз андоза зиёд зудбовар ва таъсирпазир буда, ҳиссиёти нокифояи худмуҳофизаткунӣ, эҳсоси хатар, эҳтиёткори дар муошират бо атрофиён ва ҳаяҷон дар ҳолати таҳоҷуми экстремистӣ меафзояд.

 

 

Созмонҳои террористӣ ба сафҳои худ бештар занонро аз гурӯҳҳои осебпазир ва бо хешовандону атрофиёнашон мушкилидоштаро бо ваъдаи озодӣ, баробарӣ, ташкили оилаи нав, рифоҳои моддӣ ва ғайра ҷалб менамоянд. Вобаста ба ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини баробари гендерӣ мебояд барои боз ҳам таҳким бахшидан ба масъалаҳои фароҳам овардани шароитҳои баробар барои худамалсозии шахсият дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа, инчунин таъмини баробарии мардон ва занон дар муносибатҳои оилавӣ равона карда шавад.

 

 

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З