Чоп

СУЛҲУ ВАҲДАТ ПОЯНДА БОД!

Мо тоҷикон имрўз дар ватани ободу озод, тинҷу осуда ва  зебоманзар зиндагонӣ мекунем. Имрўз Тоҷикистон дар арсаи  ҷаҳон мавқеи хосеро ишғол намуда, соҳиби сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.  Мо бояд ба қадри нозу неъмати кишварамон бирасем.Чихеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон низ дар яке аз паёмҳояшон гуфта гузаштанд:  «Мо тоҷикон халқи пуртоқат ҳастем. Мо солҳои 1990 рўзҳои бадбахтарин ва вазнинтаринро паси сар кардем ва вазниниҳои дар пеш истодаро низ паси сар менамоем. Мо шукрона аз тинҷиву осоиштагии кишвар мекунем.»

 

 

Имрўз Тоҷикистон кишвари  ҷавон ва соҷибистиқлол мебошад. Таи сисоли сипаригашта мо ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гаштем, ки ин боиси хурсандист. Чандин иншоотҳои бисёрошёна қомат афрохта ба зебогии кишварамон ҳусни дигар бахшид. Тамоми марзу буми кишварамон гулу гулзор гашта, дар фазояш парчам парафшон мебошад. Аз ин рў мо бояд ҳар як кафи хоки ватанро ҳифз намуда, нагузорем, ки ягон нохалаф бо чашми бад нигарад. Бо тамоми хастиамон Тоҷикистонро ҳимоя менамоем.

З.Ғоибова