Чоп

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии  Ҷумҳурии То ҷикистонро ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз эътироф намудаанд. Мардуми сарбаланди то ҷик ҳар сол санаи 16- уми ноябрро ҳамчун  ҷашни бузург ва муқаддас бо як шаҳомати хосае  ҷашн мегиранд.

Мо аз таърихи худ ҳама ба хубӣ огоҳ ҳастем, ки пас аз барҳам хўрдани  Иттиҳоди Шўравӣ ва коста гардидани ҳокимияти давлатӣ дар  Ҷумҳурии То ҷикистон  дар як муддати кўтоҳ ба кишвари мо вазъи нохуб ва низоъҳои дохилиро ба миён овард, ки ба тамоми  ҷомеа зарари зиёд расид.Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзилҳои истиқоматии худ  маҳрум гашта, қисми дигари онҳо гуреза гашта, қурбони  ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.Дар таърихи халқи то ҷик ин рўзи фо ҷиавӣ чун саҳифаи фаомўшнашаванда сабт шудааст.

 

 

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии  Ҷумҳурии То ҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати то ҷик,  саҳифаи наверо ба ву ҷуд овард.Дар  арсаи саҳнаи сиёсати то ҷик як шахси барўманди то ҷик фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шўро интихоб гардид.Дар ин вазъияти вазнин, ки ҳе ҷ кас  ҷуръати ба зиммаи худ гирифтани ин вазифаро надошт, бо як умед,бо ҳисси баланди ватандўстӣ, бо мақсади сар ҷаъм намудани халқи то ҷик  бо маҳорату кордонии худ миллатро аз вартаи нобудшавӣ халос намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини фаъолияти кориашон ҳамеша аз Ватан, аз сулҳу субот,аз миллат суханронӣ намуда,баҳри амалӣ гардонидани пойдории сулҳу ваҳдат дар То ҷикистони азизамон   ҷони хешро сипар намуда  ва барои амали гаштани ин ниятҳои нек кўшиши зиёд карданд.Ин фарзанди фарзонаи то ҷик ба ваъдаҳои худ истода, ҳар як сокини гурезагаштаи худро ба ватан баргардониданд.Ҳамаи ин хизматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба инобат гифта, 16-уми ноябрро ҳамчун рўзи Президенти    Ҷумҳурии То ҷикистон эълон намуда, ҳамасола ин рўз чун  ҷашни фаромўшнашаванда дар тамоми саросари кишварамон та ҷлил карда  мешавад.

Мо шукрона аз он мекунем, ки имрўз То ҷикистонро дар арсаи  ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари тамаддунофар,дорои таърихи бузург ва фарҳанги бой мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

З. Ғоибова