Чоп

Зуҳуроти хатари замон

Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, проблемаи глобалии терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарари он андеша намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳо бетараф буда наметавонад.

Бахусус, дар шароите ки кишвари ҳаммарз ва ҳамфарҳанги мо - Афғонистон дар ҳоли муташанниҷу бесуботӣ қарор дорад, ҷомеаи Тоҷикистонро ин вазъият дучанд нигарон мекунад. Пешвои миллат дар паёми имсолаи хеш низ оид ба ин масъала андешаронӣ намуда, ҷиҳати мубориза бар зидди ин падидаи харобиовар нуктаҳои ҷолибро пешниҳод намуданд. “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.Бо назардошти ин ва вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд. Қобилзода С.