Чоп

Ваҳдат – пояи ҳаёти осоиштагии Тоҷикистониён.

Вақте сухан аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, сарвари оқилу хирадманди кишвар фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оғози музокирот ва гуфтушунидҳои судманду тақдирсоз бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии қавӣ дорад. Фарзанди миллат баъд аз интихоб шудани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон рӯз аз минбари иҷлосия гуфта буданд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам».

Дар солҳои гузашти таърих, агар дақиқтар назар  кунем муқовимати сиёсию низомие, ки 5-майи соли 1992 дар байни нерӯҳои сиёсӣ ва маҳаллии онвақтаи ҷумҳурӣ оғоз гардид, пасон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфт, дар мамлакат се сол муборизаи шадиди мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки садҳо ҳазор  нафар аҳолии кишвар бехонаю беҷоюу макон гардид ва хисоротҳои ҷонию молӣ ворид гашта дар натиҷа Ватани худро тарк намуданд. Дар асоси таҳлилҳо маълум мешавад, ки муқовимат дар ватани мо дар кутоҳтарин муддат дар сеюним сол ё 1171 рӯз ба оштӣ расид. Ин оштӣ ё Ваҳдати миллӣ бо талошу меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои  миллат фарзанди барӯманди сарзамин, баъдан бунёдгузори Сулҳи воқеӣ ва кафили оромию осоиштагии мардум гардид ва муддате баъд бо ин амали худ дар қатори машҳуртарин шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз  қарор гирифт. Дар тӯли  таърих маълум аст, ки аксар давлатҳи дунё роҳи ҳалли низоъҳои дохилро наёфтааст; аз қабили низоҳои орманҳову озариҳо, покистониҳову ҳиндуҳо, инглисҳову ирландиҳо идома дорад. Қайд кардан лозим аст, ки дар баъзе давлатҳо ба миллати курд мансуб халқҳо зисту зиндагони мекунад, давлати худро надорад. Имрӯз тоҷикону тоҷикистониёнро бо шарофати Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ саросари давлатҳои дунё ҳамчун давлати мустақил мешиносад.

 

 

Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон                    Бобокалонова З