Чоп

Ҳифзи Ватан, вазифаи ҳар яки мост!

Мо яке аз хушбахттарин фардони рӯйи оламем, ки Ватани озоду обод, соҳибистиқлол ва дар осмонаш ҳамеша сулҳ ҳукмфармо зиндагони мекунем. Бинобар ин бояд дарк кардан зарур аст, ки ба ин рӯзҳои хуршеди бо осонӣ соҳиб нашудем. Чӣ тавре, ки  дар урфият мегӯянд «Одамон ба дарахти мевадор санг мепартоянд» имрўз баъзе аз ҳаммиллатони камсаводу камхиради мо фирефтаи хоҷагони хориҷӣ гардида, ба Тоҷикистон ва миллати тамаддунсозу тамаддунофар, созандаву бунёдкор санги маломат меандозанд.

Аммо онҳо дарк ва эҳсос намекунанд, ки имрўз мардуми Тоҷикистон мардуми солҳои навадум нестанд ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаю дасисаҳои пучу беасоси онҳо намегарданд. Зеро халқи тоҷик мардуми қавиирода, соҳибимону соҳибирода, худогоҳу хештаншинос буда, ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки ба осмони софу мусаффои Тоҷикистон гард расад. Афроде чун Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дини мубини Исломро ба рӯи худ ниқоб карда, барои манфиати худ истифода мебаранд. Онҳо дин, мазҳаб, пеш аз ҳама  Ватан надоранд, ба ин гуна шахсон раҳми кас меояд. Ҳастанд одамоне, ки дар оғӯши Ватани хеш сарбаландона ва содиқона ҳизмат намуда, барои пешрафти кишвари худ  саҳми босазо мегузоранд. Ҳаққи инсонии худро иҷро намуда, дар дили инсонҳо бо кори неку номи нек мемонанд. Шаҳсоне, ки монанди Кабирӣ роҳи нодурустро пеш мегиранд, дар дили мардум ва дар сарлавҳаҳои таърих бо сарнавишти талх ва сиёҳ сабт  ва номнавис мегарданд.

 

Тоҷикистони ободи зебои мо имрўзҳо таҳти роҳбарии сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати санҷидаву бобарори он тавонист, сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятро дар мамлакат таъмин намояд ва зуҳуроти ҳар гуна гуруҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористиро дар кишвар решакан намояд.

Мо ҷавонони хушбахти замон бояд ҳаматарафа сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намоем ва пайравони Пешвои миллат бошем.

Чўтанова Зайнабой – хонандаи синфи 10 «а» МТМУ №6 ба номи К.Ғозиев деҳаи Чашмасор гирандаи стипендияи Раиси ноҳия