Чоп

Терроризм ва экстемизим

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳуми сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд,ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа,вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад.Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза,аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда,таъсири он ба тамоми кишварҳои олам,аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.

 

 

Воҷаи «террор» (лот. Terror – ҳарос, даҳшат) дар забони форси - тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатнокӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Экстремизм бошад, ин пайравиӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан, дар сиёсат), ифротталабӣ мебошад.

Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷангишаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад.   Тавре ки болотар ишора кардем,шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста хушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгароӣ муборизаи беамон бубарем.

 

 

Сардори шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳол дар ноҳияи      Шаҳристон:         Ш.Маликзода