Чоп

Терроризм  вабои аср

Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба ҷони ҳар як сокини сайёра ҳатаре дорад. Террорист Ватан, миллат, дину мазҳаб надорад, балки инсони ба ҳайвон мубаддалшуда мебошад. Террористон аз номи дини мубини Ислом истифода бурда, корҳои хеле сиёҳи ғаразноки сиёсӣ ва иқтисодиро ба анҷом мерасонанд.

Барои тайёр кардани ин гунна шахсони ифротгорони худкуш ташкилот ва шахсони махсус аз ҳар гуна воситаю имкониятҳо истифода бурда, майнаи сари инсонро заҳролид мекунанд.

Дар вуҷуди онҳо ҳисси бадбинӣ, тундравӣ, бадафкорӣ, нафрат ба зидди одамон пайдо карда, онҳоро ҳамҷун воситаи тарканда, ё ин ки олоти заҳролуди бактериологӣ истифода мебаранд. Ин гунна шахсон ба дараҷае мерасанд, ки ҳатто падар ва модари худро намешиносанд.  Онҳо аввал барои пул кор кунанд, сипас дар натиҷаи суҳанҳои таъсирбахши равонӣ ки аз ваҷҳи ҷаннат ҷиҳод ва озодӣ дар рӯзи қиёмат  ба силоҳи қатлиомӣ  табдил мешаванд.

 

Маҳз барои ҳамин тамоми устодон ва умуман  ҳар як сокини соҳибмаърифати кишвар барои комил шудани тарбияи насли наврас саю кӯшиш ба ҳарҷ диҳанд. То фарзандони азизамон ба доми гурӯҳҳои ифротгароӣ дучор нашаванд.

Сардори шуъбаи Агенти меҳнат ва шуғли аҳоли дар ноҳияи                Шаҳристон            Ш Маликзода.