Чоп

Принсипҳои дунявият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозгӯ намудани чаҳор принсипи асосӣ барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикитон бисёр муҳим аст: якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо карда метавонад. Ва он далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст; дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо андаруни ҷаҳонбинии дунявӣ мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоию судӣ имконпазир гардад; сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо».

Маҳз принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногунозодона ва бе мамоният фаъолияти динию фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунанда пеш  баранд ва ҳамзиатии комили онҳо таъмин карда шавад; чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон».

 

Принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маънавӣ ва динии ниёгони худро эъҳтиром ва арҷгузорӣ намояд. Ин ҷо нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи «бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо» ҳамчунин далолат мекунад, ки равияҳои дигари дини ислом, бахусус таълимоти исломия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамин қонун барои фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои динии пайравони динҳои дигар ҳам дар қаламрави Тоҷикистон заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ муҳайё сохт ва шиддати авзоъро дар масъалаи суистифода аз арзишҳои динӣ фурӯ нишонд. Аз ин мавқеъ, интихоби дунявият ҳамчун абрози воқеии таъмини озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, баробарӣ ва адами табъиз дар асоси гароишҳои мазҳабию эътиқодӣ муайян гардид.

Ҳамчунин бояд гуфта шавад, ки дар моддаҳои 8, 26, 30 Конститутсияи ҷумҳурӣ доир ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин фикру андешаҳои ҷолибе ҷойгузин шудаанд, ки барои тамоюли ҷомеа ба ҷониби секуляризм ва ҷаҳонбинии дунявӣ сахт мусоидат кардаанд ва ба сари мардуми мо таҳмил шудани мазҳаби бегона ва хатари бунёди давлати исломиро пешгирӣ намудаанд.

 

Муаллиф

Барномасози сомонаи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат

Исоева С.