Чоп

Падидаи терроризм

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ва тамоми мардуми сайёра ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Террорист, ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.

 

 

Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст. Терроризм ва экстремизм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

 

Дар замони мо, ҷомеаи муосир бинобар модернизатсия дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои системаи арзиширо аз сар мегузаронад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки аҳолии кишварҳоро ба ҷараёнҳои

мухталифи табиат ва сатҳҳои гуногун ҷалб мекунанд, робитаҳои сохтории ҷомеаҳои мушаххас ва умуман ҷомеаро мушкилтар мекунанд. Ин омилҳо тоандозае шиддатро дар муносибатҳои байни миллатҳо, ки бо низоъҳои қавмӣ ҳамроҳ мешаванд, ба вуҷуд меоранд ва дар ин асос гурӯҳҳои мухталифи оппозитсионӣ пайдо мешаванд, ки тавассути экстремизм ва терроризм натиҷаи дилхоҳро ба даст меоранд.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Шомирзаева Барно

МТМУ№5 Н. Шаҳристон